ДАВРАҲОИ ЮЭҶҲО ВА КӮШОНИЁН (нимаи дуюми асрҳои II то милод – III милодӣ)
Ҳукмронии ашрофони юнонӣ дар Бохтар, ки аз давлатҳои интиқии Баҳри Миёназамини шарқӣ дар масоҳати хеле дур ҷойгир буд беохир буда наметавонист. Қисми асосии ахолии таҳҷоӣ ва қабилаҳои кӯчманчиён, ки бо онҳо ҳамсоягарӣ доштанд, юнониёнро ғосибони бегона мехисобиданд. Вақто, ки дар нимаи дуюми асри II то милод хушксолии навбатӣ масохати чарогоҳҳоро кам намуд, кӯчманчиён маҷбур шуданд, ки ҷоёҳои нави чорвочарониро ҷустуҷӯ намоянд. Асосан муҳочиршавӣ аз шарқ аз Маркази Осиё ба ғарб сурат мегирифт. Мавҷудияти салтанати Юнони-бохтариҳо дар соли 128 то милод аз байн рафт. Дар сарзамини музофотҳои Осиёи Марказӣ, (ба ҷуз Туркманистони Ҷанубӣ) дар охири асри II ва аввали асри I-и то милод, якчанд давлатҳои алоҳида ба вуҷуд омад ки дар сари он қабилаҳои кӯчӣ меистоданд. Қудратмандтарини он юэҷҳо буданд. Онҳо Бохтарро тасхир карда панҷ бекигарии алоҳидаро ташкил карданд. Сулолаи кӯшониҳо, ки аз хама пурқувват буданд, тавонистанд мулкхои парокандаро муттаҳид кунанд ва ба ташкили Давлати Кӯшониҳо асос гузоранд. Дар бозёфтҳои бостоншиносии давраи кӯшонихо дар Осиёи Марказӣ, гузаштани бисёр чузъхои маданияти бохтарӣ ба ҳаёти кӯчманчиён хеле хуб таҷассум шудааст.
Миёни гӯристонҳое, ки ба кӯчманчиён мансуб аст мавкеъи асосиро ёдгориҳои Тоҷикистони ҷанубӣ ишғол мекунанд, ки қисми асосии он дар ду минтақа - водиҳои Бешкент ва Данғара ҷойгир шудаанд. Дар водии Бешкент гӯристонҳои Тулхар, Аруқтоғ ва Бешкент таҳқиқ шудаанд. Дар ноҳияи Данғара (вилояти Хатлон) чаҳор қабри хурд Қсиров I-IV кашф ва таҳқиқ шуданд. Мурдаҳоро зарфҳои гилӣ, гӯшти гӯсфанди кушташуда, ашёҳои ороишӣ монанди шадда, гӯшвора, ангуштарӣ (бо занҳо), ва пайконҳои тир, камарбанд (бо мардҳо) хамроҳӣ мекарданд. Шакли зарфҳои гилӣ аз алоқа доштан ба мардуми маҳаллии муқимӣ шаҳодат медиҳад.
Таомули дафнкунии мардуми маҳаллии муқимӣ тамоман дигар буд. Ин аз ҳама пеш дар гӯристони шаҳраки Душанбе мушоҳида карда мешавад. Дар қабристон се намуди дафкуни ба назар мерасад, ки дутои он росткунҷаи тӯл кашида буда фарш ва деворҳо бошанд аз таҳтангҳои гаҷӣ (давраи қадим) хишти пухта (давраи охир) сохта шуданд. Намуди сеюм бошад ин намуди дафнкунӣ дар хум аст (асрҳои I-II милодӣ), ки дар он навиштаҷоти бохтарӣ (тахорӣ) боқи мондааст.
Якуним километр дуртар аз Қалъаи Ҳисор (ноҳияи Хисор) гӯристони Тупхона дарёфт гардидааст. Мурдаҳоро асосан дар гӯрҳои заминӣ дафн мекарданд, ки болои онро бо хишти хом мепӯшониданд. Дар қабр зарфҳои гилӣ бо таъомҳо ва ашёҳои ороишӣ мегузоштанд. Дар даҳон ё дар синаи мурда тангаи майдаи нуқрагӣ - обол мегузоштанд. Таомули ба ин монанди дафнкунӣ дар гӯристони «Иттифоқ» (ноҳияи Фархор, вилояти Хатлон) дарёф карда шуда аст. Дар ин давра дар шаҳраки Саксанохур низ ҳаёт давом дошт. Маҷмӯи зарфҳои ҳархелаи сафолӣ дар қабатҳои мадании асрҳои I-II милодӣ ёфт шудаанд.
Давраи кӯшониён ин давраи инкишофи иқтисодӣ ва маданӣ буд. Иншоотҳои обёрикуние бунёд мегардиданд. Зироаткорон бори аввал майдонҳои бузургро кишт мекарданд. Ҳаёт на танҳо дар шаҳрҳое, ки дар замони Юнону Бохтариҳо сохта шуда буданд, инчунин дар шаҳрҳои нав сохташуда рӯ ба тарақӣ ниҳода буд. Шумораи шаҳрҳои калони маъмурӣ маркази воҳаҳои на он қадар калон ва деҳшаҳрҳо афзуда буд. Дар ин давра Бохтарро «мамлакати ҳазоршаҳр» меномиданд.
Яке аз шаҳрҳои бузурги нав ин шаҳраки Шаҳринав (водии Ҳисор, 44 км ғарбтари ш. Душанбе). Дар ноҳияҳои Тоҷикистони ҷанубӣ шаҳрҳои нави он қадар калон Теппаи Шоҳ (ноҳияи Қубодиён), шаҳраки Ёвон (Ғаравқалъа) дар ноҳияи Ёвон бозёфт ва таҳкиқ карда шуд.
Сиёсати кӯшониён оиди маданият ва дин қобили тавваҷӯҳ мебошад. Ин дар Бохтар аз ҳама бештар аён мешавад. Оини буддоӣ дар асрҳои аввали милодӣ васе паҳн гардида буд. Бисёрии маъбадҳои буддоӣ дар ин давра низ ба ин шаҳодат медиханд.
Дар ҳудуди Тоҷикистони ҷанубӣ, дар нишебии тепаи Уштури соҳили рости Амударё маъбади буддои Уштурмулло омӯхта шуда аст.
Дар Суғд (Тоҷикистони шимолӣ)дар ин давра маъмулотҳои аниқ оиди давлатчаҳо нест. Дар шаҳраки Хуҷанди бостони қабатҳои мадании давраи кӯшонӣ кушода шуд. Дар шаҳраки Нуртеппа низ ҳаёт дар ин давра идома дошт. Дар шаҳри Истаравшан-шаҳраки Муғтеппа қабатҳои ба асрҳои охири то милодӣ мансуббуда бозёфт шуданд. Гӯристон дар нишебии кухи Ширин ҷойгир шудааст. Дар наздикии дехаи Куркат шахраки Мунчоқтеппа омӯҳта шуддаст. Дар қабатҳои поёнии мавзеи Дунгчатеппа боқимондаҳои биноҳои истиқоматӣ ва хоҷагӣ кашф шудаанд.