Аввали асрҳои миёна

АВВАЛИ АСРҲОИ МИЁНА (асрҳои VI-VIII)

      Баъд аз заволи давлати Кӯшониён, дар миёнаи асри V болоравии сиёсати хионитҳо - қабилаҳои мутаҳидаи чорводор ибтидо меёбад ва он аз тарафи ҳокимоне, ки ҳар як бо номи худ танга сикка зада буданд, идора мешуд. Дар миёнаи асри V ҳокимият ба дасти ҳокими хионҳо – Эфталан, ки бунёдгузори хонадони пурқудрати эфталанҳо ба ҳисоб меравад, мегузарад. Мамлакати эфталитҳо дар маъхазҳои арманӣ, ки воқаҳои соли 450-ро шарҳ медиҳанд, ба назар мерасад.

     Эфталитҳо сарзамини бузургеро ба худ тобеъ намуда буданд. Дар замони қудрати худ, дар нимаи дуввуми асрҳои VI-VIII онҳо қисми зиёди хоки Афғонистон, вилоятҳои ҷанубӣ ва шарқии Осиёи Марказӣ ва Туркистони Шарқиро тасарруф намуда буданд. Вале онҳо пояҳои иқтисодӣ ва сиёсии давлати ягонаро ба вуҷуд оварда натавонистанд. Ин давлат аз 27 мулк ё вилоятҳои таърихӣ-маданӣ иборат буд, ки аз тарафи ҳокимони маҳаллӣ ва ашрофони эфталитӣ мустақилона идора карда мешуд.

     Дар миёнаи асри VI дар ҳудуди Осиёи Марказӣ иттиҳодияи нави давлатӣ бо номи “Ҳоқони Турк” (солҳои 551-744) пайдо мешавад. Ин иттиҳодияи пурқудрати қабилаҳои кӯчманчӣ дар Олтой ташкил ёфт ва ҳамон замон бо давлатҳои ҳамсоя ба ҷанг оғоз намуд. Онҳо дар миёнаи асри VI ба Осиёи Марказӣ ҳуҷум карданд. Дар натиҷа байни солҳои 536 ва 537 давлати эфталитҳо аз байн рафт. Қисми зиёди он зери тасарруфи туркҳои ғарбӣ қарор гирифт. Дар аввали асри VII дар муносибат бо ҳокимони маҳаллӣ дигаргуниҳо ба вуҷуд омаданд. Туркҳо ба гирифтани боҷу хироҷ қонеъ нашуда барои ба даст даровардани мулкҳои Осиёи Марказӣ кӯшиш ба харҷ медоданд. Сосониҳо низ дар навбати худ, барои забти Осиёи Марказӣ кӯшиш мекарданд. Дар натиҷа соли 657 ҳокимияти Ҳоқони-Турк аз байн рафт ва вилоятҳои кишоварзии Осиёи Марказӣ аз хавфи ҳамешагии тасарруфи кӯчманчиҳо раҳоӣ ёфтанд.

    Дар солҳои 70-уми асри VII Aрабҳо ҳуҷумҳои ғоратгаронаро ба Мовароуннаҳр (сарзаминҳои байни Амударё ва Сирдарё) оғоз намуданд, ки оҳиста-оҳиста ба юришҳои ҳадафноки ҳарбӣ мубаддал гардиданд. Қисми зиёди хоки Осиёи Марказӣ дар авали асри VIII ғасб карда шуд. Бо роҳи зӯрӣ љорї кардани дини нав – ислом оғоз гардид. Ба ҷангҳои пайдарпаи харобовар нигоҳ накарда урфу одатҳои мадании пурғановати суғдиён ва бохтариён аз байн нарафт. Аҳолии Мовароуннаҳр бисёр расму русумҳои сунатии маишӣ ва мадании аҷдодони худро зинда гардониданд ва ин боиси тараққӣ ва такомули маданият дар шароити нав гардид.

    Тоҷикистони кунунӣ вилояти ягонаи таърихӣ-ҷӯғрофӣ набуд. Дар шимол ин сарзаминҳои Суғд (қисмати шарқии водии Зарафшон) ва Устрӯшана, ки дар ин замон ҳамчун воҳиди мустақили сиёсӣ шакл гирифта ва бо Суғд муносибатро нигоҳ дошта буд, воқеъ гардида буданд. Дар ҳар яки ин вилоятҳо дигаргуниҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва таърихӣ-фарҳангӣ ҷараён доштанд. Ин дигаргуниҳо на танҳо аз ҳисоби пешрафти ягонаи дохилии ҷамъият, балки комилан мустақилона ва бо хусусиятҳои фарқкунанда дар ҷараён буданд. Дар ин раванд, нақши асосии Суғд ва маданияти он, бояд қайд карда шавад. Суғд ва суғдиён аз қадим дар савдои заминии Осиё нақши махсус доштанд. Суғдиён на фақат ташкилдиҳандаи савдои байналмилалӣ буданд, балки онҳо интиқолдиҳандаи асосии маданият аз як халқ ба халқи дигари Осиё буданд. Дар ин замон забони суғдӣ - забони асосии муоширати байни миллатҳо буд.

    Дар ин замон маркази яке аз мулкҳои Суғд, шаҳри қадими Панҷакент (канори шаҳри ҳозираи Панҷакент) буд, ки дар асрҳои V ва VI бунёд гашта аст. Дар Панҷакент дар миёни зардуштиҳои маҳаллӣ, бутпарастон, аҳли насоро ва дар асри VIII мусулмонон низ зандагӣ мекарданд.

     Қисмати шарқии Суғд фақат шаҳристони Панҷакент набуда, балки мавзеъҳои дигарро низ дар бар мегирад. Даҳҳо ёдгориҳои таърихи асримиёнагӣ дар ноҳияи Панҷакент ва болооби дарёи Зарафшон кашф карда шудаанд. Қалъаи мустаҳками кӯҳи Муғ дар кӯҳистони Суғд, деҳаҳои Гардани Ҳисор ва Қум, қалъаи Сарвода, шаҳристони Санҷаршоҳ аз қабили онҳост.  Дар Кӯҳи Сурх, ки дар доманаи он қалъаи асримиёрагии Сарвода бунёд ёфтааст, бозёфти аҷиберо ба даст оварданд. Сокинони маҳаллӣ Умар Усмонов ва Сайёр Қӯзибоев аз ғор муҷассамаи чӯбини мардро ёфтанд, ки 1,5 м дарозӣ ва 15 кг вазн дошт. Дар ғор инчунин зиреҳ, ғилофҳои чӯбини шамшер ва ханҷар, пойафзол, боқимондаҳои тоҷ ва бисёр ашёи парастишӣ аз қабили зангӯлаҳои гуногун, даҳ оинаи фулузӣ,  мӯҳри сангӣ бо сурати хуки ваҳшӣ ва навиштаҷоти суғдӣ ва қаҳрабои наздибалтикӣ ёфт шуданд. Ба нуфузи дини зардуштӣ нигоҳ накарда дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ то ҳол бисёрхудоӣ роиҷ буд ва ашёи гуногунро мепарастиданд. Бути аз ғори Кӯҳи Сурх ёфташуда далели гуфтаҳои болост.

     Дар Устурӯшан низ ба монанди Суғд дар асрҳои VI-VIII шаҳрҳо рӯ ба тараққӣ ниҳода буданд. Инҳо Муғтеппа дар шаҳри Истаравшан (собиқ Уротеппа), шаҳристони Қалъаи Қахқаҳа I-III (Бунҷикат - пойтахти Устурӯшан) мебошад, ки ҳанӯз дар асри V бунёд ёфта буданд. Дар толори бузурги пазироии Калъаи Кахкаха 1 пештоқ (тимпан) – мусаввараи чӯбини (баландиаш 143 см ва бараш 293 см) аз тахтаҳои бузург сохта шуда вуҷуд дошт. Кандакорӣ дар чӯб – санъати баланди устои кандакорро нишон медиҳад. Ҳайкалчаҳои зариф, либосҳои ҷанговарон, яроқу аслиҳа ва ғайра бо завқ ва салиқаи баланд сохта шудаанд. Дар ин мусаввараҳо сюжети достонҳои эронӣ «муборизаи некӣ ва бадӣ» инъикос ёфтааст ва ин сюжетро Фирдавсӣ дар достонҳои машҳури «Шоҳнома» истифода бурдааст.

     Қасри Тӯдаи Калон ва шаҳристони Муғтеппа аз осори дигари муҳими ин давра мебошад. Дар ҳудуди обанбори Каттасой оссуарии аҷибе ёфт шуд.   

    Тоҷикистони Ҷанубӣ дар асрҳои VI-VII ба ҳайати иттиҳодияи сиёсии Тохаристон дохил мешуд. Тохаристон 27 мулкро муттаҳид карда буд ва ин мулкҳо ҳам дар самти шимолӣ ва ҳам дар самти ҷанубии дарёи Аму ҷойгир шуда буданд. Чуноне, ки сарчашмаҳои хаттӣ нишон медиҳанд мулки Аҳорун қисми ғарбии водии Ҳисорро дар бар мегирифт ва қисми шарқӣ мулки Шумон ҳисоб мешуд. Инчунин, мулкҳои мустақил дар поёноби дарёи Кофарниҳон, дар водии Вахш вуҷуд доштанд. Дар канори шаҳри Колхозобод, шаҳристони асри миёнагии Кофир-Қалъа ҷой гирифта буд ва ин шаҳр пойтахти мулки Вахш ба ҳисоб мерафт. Сарчашмаҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд, ки маъбади буддоӣ дар Кофир-Қалъа вуҷуд дошт. Дайри Аҷинатеппа дар бораи паҳн гаштани дини буддоӣ дар Вахш маълумоти аниқ ва фаровон медиҳад. Ин дайр ҳам дар назди канали Кофир воқеъ гаштааст, вале аз шаҳристони Кофир Қалъа дуртар буда 12 км дар самти шарқии Бохтар (собиқ ш. Қӯрғонтеппа) сохта шудааст. Шаҳристони қалъаи Кофарниҳон, ки 80 км ҷанубии ғарбии Душанбе дар канори қишлоқи Эсанбой ҷой гирифтааст, бо ёдгориҳои таърихиаш мадракҳои ба буддопарастӣ марбутбударо боз ҳам пурратар намуд.