ДАВРАИ КӮШОНИЮ СОСОНӢ (асрҳои IV-V милодӣ)
Асрҳои IV-V милодӣ дар таърихи Осиёи Марказӣ ва хусусан Тоҷикистон мавқеи махсусро ишғол мекунад. Вазъи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳудудҳои наздики он мураккаб буд. Шоҳигарии Парфия дар оғози асри III милодӣ он тавоноии худро гум карда буд. Дар ҳудуди он ҳукуматҳои соҳибистиқлоли зиёде пайдо шуда буданд, ки ҳокими яке аз онҳо Попак аз авлоди Сосониён буд. Писари вай Ардашер баъди хоким шуданаш ба васеъ намудани ҳудуди он пардохт. Соли 226 ӯ худро шоҳаншоҳи Эрон эълон намуд. Ҳамин тавр ба сари ҳукумат сулолаи Сосониён (226-651) омаданд.
Муносибати Кушониён бо Эрони Сосонӣ пуршиддат буда, ҷанҳои пай дар пай, ки пирӯзӣ дар он аз даст ба даст мегузашт, тез-тез вокеъ мешуданд. Ба ин душвориҳо, вазъияти сиёсии дохилӣ, ҷангҳои ҳамешагӣ ва ба ҳукуматҳои хурд-хурд тақсим шудани давлати Кушониён илова мешуданд. Ҳокимияти Сосониён кӯтоҳмудат буд ва дар асри V милодӣ онҳо назоратро дар Осиёи Марказӣ аз даст доданд. Қабилаҳои кучманчӣ (хиёниҳо, кидорихо ва эфталитҳо) аз ноҳияҳои Осиёи Марказӣ ба ғарб паҳн мешуданд. Дар натиҷа давлати Кушониён ба як қатор ҳокимиятҳои хурд тақсим шуд.
Дар ин замонаи шурошӯб бисёре аз шаҳрҳо ва деҳшаҳрҳо несту нобу шуданд. Омӯзишҳои бостоншиносон нишон медиханд, ки ба ин нигоҳ накарда дар ин давра як маданияти нави шаҳри ташаккул ёфт, ки дар асрҳои VI-VII ба болоравиҳо ноил гардидааст. Ин ҳолатро аз ҳама хуб таърихӣ Панҷакенти қадим, ки дар асри V милод дар ҷои шаҳри кӯхна эҳё шудааст инъикос мекунад. Ҳудуди шаҳр дар аввал қариб 8 га-ро ташкил медод. Як аломати хоси ин шаҳр бо тартиби муайян ва аз рӯи нақша сохта шудани он мебошад. Шаҳр дорои иншоотҳои пурқуввати истеқомӣ буд.
Шаҳраки Ёвон низ ёдгории муҳими ин давра мебошад. Дар водии Бешкент, ноҳияи Қубодиён, дар гузашта зистгоҳҳои шакли деҳагӣ деҳшаҳрҳо тарақкӣ карда буданд. Дар охири асри IV ва аввали асри V милоди дар ин деҳшаҳрҳо, ки дар давраи Кушонӣ сохта шуда буданд, ҳаёт давом дошт ва боз деҳшахрҳои нав сохта шуданд. Деҳшахраки Оқтепа II, ки 6 км ҷанубтари Чилучорчашма воқеъ гардидааст мукаммал омӯхта шудааст. Дар ин вақт ҳудуди Бохтар номи Тахористонро гирифт.
Дар ноҳияҳои шимолӣ, акнун дар ҳудуди Истаравшан, ки бо Суғд ҳамсархад буд шахрҳои қадимӣ амал мекарданд, инчунин шаҳрҳои истеҳкомдори наву деҳшаҳр-кёшкҳои нав пайдо шуданд. Дар шаҳраки Ширин I, чун дар шаҳраки Ёвон, қабати мадании боло, асосан ба асрҳои IV-V таалуқ дорад, инчунин як қисми гӯрхонаҳои Куркат низ ба ҳамин давра мутаалиқанд.
Гӯристони Лангари Ҳоҷиён (ноҳияи Исфараи вилояти Суғд) урфу одатҳои нави маросими дафнро дар ин ҳудуд нишон медиҳад.
Умуман бозёфтҳои бостоншиносӣ аз дараҷаи баланди соҳаи косибӣ шаҳодат медиханд. Шишасозӣ ва дигар намудҳои косибӣ низ роиҷ буданд.