АСРҲОИ МИЁНАИ МУТАРАҚҚӢ (асрҳои IX-XII)
Шӯришҳои халқии охири асри VII ва оғози асри VIII ҳарчанд, ки шикаст хӯрда бошанд ҳам, дар мубориза бар зидди зулми арабҳо нақши муҳимеро бозиданд. Зиёдшавии ҳаракатҳои халқӣ халифаҳои арабро маҷбур сохт, ки аъёну ашрофи маҳаллиро барои идораи Осиёи Марказӣ ҷалб кунад. Ҳамин тавр Аббосиён маҷбур шуданд, ки ба вилоятҳои шарқии хилофат то андозае худмухториро бидиҳанд. Дар байни аъёну ашрофи маҳаллӣ намояндагони якчанд хонадон, аз ҷумла, хонадони тоҷикзабони Сомониён буданд. Бунёдгузори он, Сомонхудот асосгузор ва волии деҳаи Сомон буд. (дар маъҳазҳои гуногун вилоятҳои гуногуни бо ин ном деҳадошта зикр ёфтаанд: вилояти Балх, атрофи Самарқанд, атрофи Тирмиз). Ӯ исломро қабул кард ва барои ин кораш аз тарафи волии Хуросон пуштибонӣ медид. Набераҳои ӯ – Нӯҳ, Аҳмад, Яҳё ва Илёс дар хидмати худи халифа буданд. Бо амри халифа, волии Хуросон онҳоро ҳокимони чаҳор вилоят таъин кард; Нӯҳро дар Самарқанд, Аҳмадро дар Фарғона, Яҳёро дар Шошу Устурӯшан ва Илёсро дар Ҳирот. Соли 888 Исмоил ба лашкари Наср ғолиб омад. Исмоили Сомонӣ бародарашро дар вазифаи расмии сарвари хонадон гузошт, вале дар асл ҳокимиятро худ сарварӣ мекард. Соли 892 Наср вафот кард ва Исмоил сарвари давлат шуда, Бухороро пойтахти худ қарор дод. Баъд аз хомӯш кардани ҷангҳои дохили ва фурӯ нишондани шӯришҳо ба Исмоил лозим омад, ки бехатарии хориҷии худро низ муҳайё намояд. Халифиба зидди Исмоил ҳокими Хуросон, Амр Саффориро сафарбар намуд. Дар соли 900 Исмоил тавонист ғалаба ба даст орад ва ҳокими Хуросон шавад. Таъмини истиқлолияти давлат, мавҷудияти ҳокимияти марказии қавӣ, аз байн рафтани ҳуҷуми қабилаҳои кӯчманчӣ ва вазъи нисбатан осуда дар шаҳру деҳоти Хуросону Мовароуннаҳр барои болоравии маданият ва иқтисоди мамлакат шароит фароҳам оварданд. Яке аз муҳимтарин натиҷаҳои он, анҷомёбии раванди ташаккули шаҳри феодалӣ буд.
Аз нигоҳи ҷойгиршавиаш шаҳр бо роҳҳои гуногун сохта мешуд. Баъзан (хеле аҳёнан) асоси онро қисми дохилии шаҳристони шаҳрҳои қадима ташкил медод ва он тадриҷан вусъат меёфт. Бештари вақт шаҳр дар назди ин шаҳристонҳо, ки аҳамияташонро гум карда буданд, сохта мешуд. Инчунин шаҳрҳо дар ҷойҳои нав бунёд меёфтанд. Даҳсолаҳои аввали давлатдории Сомониён осуда мегузашт, зеро ки андози аз аҳолӣ ситондашаванда кам буд ва ҳуҷуми кӯчманчиён қатъ гирифта буд. Дар солҳои баъдӣ истисмори деҳқонон ва андозҳо зиёд шуд. Дар байни ҳокимони маҳаллӣ ва аъёну ашроф муқобилият бар зидди ҳокимияти марказии давлат меафзуд. Ҳуҷумҳои қабилаҳои кӯчманчӣ боз сар шуданд. Баъзе вилояту ноҳияҳо танҳо ба номаш ба ҳайати давлат дохил буданд.
Кашмакашу шӯришҳои феодалону ҳокимони маҳаллӣ зиёд мешуд ва онҳо торафт заминҳои навро ба тасарруфи худ медароварданд.
Давлат он қадар ноустувор шуда буд, ки ба ҳуҷумҳои берунӣ истодагарӣ карда натавонист. Аввалин шуда ҳуҷумро қабилаҳои туркзабони кӯчманчӣ (қабилаҳои яғмо, қарлуқ ва ғайраҳо), ки сарварҳояшон хонҳо буданд, сар карданд. Хонадони онҳо дар адабиёти таърихӣ бо номи Қарохониён машҳур аст. Танҳо марги пешвои ишон – Буғрохон давлати Сомониёнро наҷот дод. Лашкари Қарохониён ғанимати зиёдеро ба даст оварда, ба даштҳояшон баргаштанд. Баъд аз 7 сол, дар соли 999 Қарохониён боз ҳуҷум карданд. Сарвари онҳо Наср-илоқ пойтахт-шаҳри Бухороро ишғол намуд. Намояндагони охирини хонадони Сомониён бикӯшиданд, ки ҳокимиятро боз ба даст оваранд. Дар муҳорибаи Бурномад (дар сарҳади Суғд ва Устурӯшан) Ќарохониён шикаст хӯрданд, вале соли 1004 дар муҳорибае, ки дар ғарби Уротеппа ба вуқӯъ пайваст, Сомониён ба пуррагӣ мағлуб шуданд. Баъди ин муҳориба, қариб тамоми Мовароуннаҳр дар тасарруфи туркҳои кӯчманчӣ – Қарохониён даромаданд. Дар охири асри XI ва аввали асри XII мухолифат байни Қарохониён ва Салҷуқиён (давлат дар мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна) афзоиш ёфт. Дар ин муддат аз тарафи шарқ низ душманон-қабилаҳои қарахитоӣ пайдо шуданд. Соли 1141 қарохитоиҳо лашкари муттаҳидаи Қарохониён ва Салҷуқиёнро шикаст доданд. Қисми асосии Мовароуннаҳр дар тасарруфи ғолибони нав-қарохитоиҳо қарор гирифт. Давлати Қарохитоиёнро ба пуррагӣ Муҳаммад Хоразмшоҳ нобуд сохт, ӯ соли 1207 шаҳри Бухороро ишғол кард. Соли 1213 дар Узганд (Фарғона) ва Самарқанд – пойтахти давлати Қарохониён тангаҳо бо номи Муҳаммади Хоразмшоҳ сикка зада шуданд.
Дар давраи ҳукмронии ин ду давлат тағиротҳо асосан дар соҳаи сиёсат буданд. Низоми идоракунии ҳанӯз дар замони Сомониён сохташуда, қариб ки дигар нашуда буд. Раисон, ҳокимон ва мӯ ҳтасибон аввал дар давлати Қарохониён ва дар давлати Қарохитоиён хидматро давом доданд. Тадриҷан, бодиянишинон ба ҳаёти иқтисодии Осиёи Марказӣ низ дохил шуданд. Онҳо мехостанд бо аъёну ашрофи маҳаллӣ ва рӯҳониён алоқаи хуб дошта бошанд. Барқарорсозии мутамарказияти давлат қадрдонӣ карда мешуд.
Шаҳрҳо ба ҷангҳо ниго накарда, равнақу ривоҷ меёфтанд. Дар асрҳои IX-XII сохтмон хуб тараққӣ карда буд. Дар шаҳрҳо иморатҳои умумии зиёде сохта буданд, ки онҳоро бо воситаи системаҳои гармидиҳии дар зери фарш буда, гарм мекарданд. Хатҳои обгузар аз қубурҳои сафолӣ дар истифода буданд. Ба ободонии шаҳрҳо диққати махсус дода мешуд. Қоидаҳои беҳдошт дар хонаҳои шаҳрвандон риоя мешуд. Дар даруни биноҳо таҷҳизоти канализатсионии соддатарин аз қабили чоҳҳои фурӯбаранда, ки бо хиштҳои пухта пӯшидашуда, сӯрохие барои обрезӣ дорад, мавҷуд буданд. Дар қасрҳо чоҳҳои ахлотпартоии махсус (бадрабаҳо) сохта шуда буданд.Тараққиёти шаҳрҳову ҳаёти шаҳрӣ боиси болоравии иқтисодиёт ва пешрафти косибиву савдо гардид. Зиёд шудани шумораи косибон дар шаҳр дар номгузории қисмҳои он акс ёфтааст. Косибони ҳар соҳа дар як ҷой иқомат мекарданд ва дар натиҷа маҳаллаҳое ташкил мегаданд, ки номҳояшон одатан аз касби сокинонашон гирифта мешуданд. Касбҳои дорои истеҳсолоти зараровар масалан чармсозон, дар қисми канории шаҳр сокин мешуданд.
Санъати кулогарӣ хеле инкишоф ёфта буд. Зарфҳои гуногун аз хумҳои барои нигоҳидории озуқаворӣ сар карда, то бозичаҳо сохта мешуданд. Кулолгарон сирҳои гуногунро тайёр карда метавонистанд. Дар аввал сирҳои ишқориро истифода мебурданд, вале баъдан торафт сирҳои хушсифати сурбӣ маъмул мегардиданд. Шишагарон ба пуррагӣ, моҳирона роҳҳои тайёр кардани зарфҳои нафисро медонистанд. Бофандагӣ, коркарди фулузот барои сохтани олоти меҳанату аслиҳа, санъати заргарӣ ва ғайраҳо низ, хеле тараққӣ карда буданд. Далели ин пешрафт, бозёфтҳои бостоншиносон, ки дар ҳафриёти ёдгориҳои таърихии он замонаи Тоҷикистон ба даст омадаанд, мебошанд.