ДАВРАИ СЕЛЕВКИҲО ВА ЮНОНУ БОХТАРӢ (асри IV-II то милод)

         Давлати бузурги Ҳахоманишӣ дар натиҷаи васеъ кардани худуди худ, дар ғарб ба мамлакатҳои юнони бархӯрд. Соли 334 то милод Искандари Мақдунӣ бо ҳахоманишихо ҷанг сар кард ва дар соли 331 пирӯз гашт, ки ин роҳро барои забт намудани марказҳои давлати Ҳахоманишӣ кушод. Соли 330 то милод Бохтари Ҷанубӣ (Афғонистони Шимолӣ) пурра забд гардид. Баъд, ӯ аз Амударё убур карда ба сӯи вилоятхои марказии Осиёи Марказӣ ҳуҷум кард. Ба муқовимати шадиди аҳолии маҳаллӣ нигоҳ накарда Искандар тамоми Бохтар, Суғд ва Парфияро ба ҳайяти давлати бузурги худ хамроҳ намуд.

         Барои пойдории ҳукумати худ дар Осиёи Марказӣ, Искандар аз рӯи маълумотҳои антиқӣ дар Суғд ва Бохтар 8-12 шаҳр – ба истилоҳ Искандарияҳо сохт. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, кӯшишҳо барои бақодор намудани ин давлати бузург бе натиҷа ба анчом расид. Пошхӯрӣ дарҳол баъди фавти Искандар соли 323 то милод сар шуд. Дар байни ворисони ӯ барои ҳукуматронӣ муборизаи шадид оғоз гардид. Яке аз сарлашкарони ӯ Селевк дар солхои 312-311 то милод дар Бобулистон давлати нави Селевкиҳоро ташкил намуд, ки аз баҳри Миёнзамин то Ҳинд масоҳат дошт. Дар даст нигоҳ доштани хоқимият дар ин ҳудуди бузург хеле душвор буд.  Бохтар, ки қисмати дури шарқии давлати Селевкиҳо буд, нахустин шуда аз тобеияти он баромад. Ҳамин тариқ давлати нав – Юнону Бохтар (250-128 то милод) ташқил шуд. Ба гайр аз Бохтар ба ҳайати он Суғд, Марғиён, ва дигар ноҳияҳо низ дохил шуданд. Дар замони авҷи аълои таракқиёташ (солҳои 190-180 то милод) ин давлат ҳудудҳои Афғонистон ва шимолу ғарбии Ҳиндустони имрӯзаро низ дар бар мегирифт. Давлати Юнону Бохтарӣ бо сабабҳои ҷангҳои байни минтақавӣ, шӯришҳои халқи ва ҳуҷумҳои кӯчманчиён аз байн рафт.

         Ҳанӯз дар замони селевкиҳо, ки дар Осиёи Марказӣ аҳолӣ шаҳрҳо ва деҳаҳои юнонӣ зиёд буданд, раванди ба ҳам омехта шудани ду маданият – эллинӣ ва таҳҷоӣ сар шуданд. Ин раванд дар давраи Юнону Бохтарӣ низ давом кард. Таъсири ин табаддулоти маданиро дар маъбади Окси шаҳраки Тахти Сангин (ноҳияи Қубодиён, вилояти Хатлон), дар шаҳракҳои  Саксанохур (ноҳияи Фархор, вилояти Хатлон) ва Хушдилон (Торбулок) дар нохияи Данғара (вилояти Хатлон)  хеле хуб дида метавонем.

         Қабатҳои қадимтарини маданӣ  дар шаҳраки Душанбе (ш. Душанбе, водии Ҳисор) ба давраи Юнону Бохтарӣ мансубанд.

         Дар шимоли Тоҷикистон, дар арқи Хуҷанд (ш. Хуҷанд вилояти Суғд) қабатҳои мадании бо қисми деворҳои он, ки ба асрҳои IV-II то милод таалуқ доранд, кашф шуданд. Дар шаҳраки Ширин -1, ки ёдгории калонтарини вохаи Куркат мебошад, бозёфтҳои ба асрҳои V-IV то милод таалуқ дошта бозёфт шудаанд.

Ғилофи акинак (ханҷар) бо тасвири шер ва оҳу. Оҷ (устухони фил. Шаҳристони Тахти Сангин. Асрҳои VI - V то милод 
Ножны акинака с изображением льва и оленя. Слоновая кость. Городище Тахти Сангин. VI-V вв. до н.э.
Akinak’s scabbard with the lion and dear image. Ivory. Takhti Sangin site. 6th – 5th cc. B.C.