ДАВРАИ БИРИНҶӢ
Ин давра бо густариши коркарди биринҷ мушаххас мешавад (хӯлаи мис ва қалъагӣ муассиртарин миёни дигар хӯлаҳо, мисли сурб, арсен ва дигарон). Барои асри биринҷ зуҳури чорводории кӯчӣ низ хос аст. Ковишҳои бостоншиносиро дар гӯристонҳои қадим ва бошишгоҳҳо А.М. Манделштам, Б.А. Литвинский, Н.М. Виноградова, А. Исҳоқов, Л.Т. Пянкова, С. Бобомуллоев, Ю. Кутимов, Р. Безенвал, А-П.Франкфор, М. Тойфер ва дигарон гузаронидаанд.
Дар қаламрави ҷануби Тоҷикистон (Бохтари бостонӣ то ҳамин авохир) ёдгориҳои асри биринҷ (чаҳоряки охири ҳазораи дуюми пеш аз милод) кашф ва ҳафриёт шуданд. Маводҳои тоза ба дастомадаи солҳои охир аз гӯристони қадими Кунгурттут (ноҳияи Темурмалик), Гелот (ноҳияи Восеъ) ва Фархор (ноҳияи Фархор) пиромуни ташаккули тамаддуни бохтарӣ-марғионӣ дар охири ҳазораи сеюм ва ибтидои ҳазораи дуюми пеш аз милод шаҳодат медиҳанд.
Дар қисмати шимолии паҳнкӯҳҳои Тоҷикистони ҷанубӣ дар ҳоли ҳозир чор деҳшаҳри давраи биринҷ маълум шудааст: Кангурттут ва Баракақӯруқ дар наздикии деҳаи Кангурттут, Тегузак дар соҳили чапи обанбори Норак ва Даҳана дар ҳудуди шаҳри Норак. Ин деҳшаҳрҳо дар маконҳои муносиб барои чаронидани чорво ва лалмикорӣ қарор доранд.
Ҳамаи деҳшаҳрҳои кӯҳӣ нақшаи муназзам надоранд, барои онҳо сохтмони номуназзам хос мебошанд. Деворҳои хонахо похсагӣ буда, дар болои пойдевори сангин сохта шуданд. Дар тавлидоти кулолгарӣ зарфҳое, ки дар чархи кулолӣ сохта шудаанд, афзалият доранд. Кордҳои якдамаи биринҷӣ ба таври густурда тавзеъ шуда буданд. Тавлидоти рехтагарӣ рушд ёфта буд. Боқимондаҳои оташи маросимӣ (7х3,6 м) ёфта шудаад. Ба ҳангоми адои маросими мазҳабӣ, эҳтимолан зарфҳоеро бо ғизо ва нӯшокиҳои назршуда ба оташ меандохтанд.
Бозёфтҳои деҳшаҳрҳои кӯҳӣ шаҳодат аз сукунати муштараки қабоили дорои фарҳанги гуногун медиҳанд. Дар поёнии асри биринҷ дар ҷануби Тоҷикистон фарҳанги муҷтамаъ ва асил ташкил меёбад. Ба деҳшаҳрҳои кӯҳӣ бошишгоҳи даштии асри биринҷӣ, ки дар 12 километрии ҷануби шаҳри Бохтар (собиқ ш. Қурғонтеппа) ҷойгир аст, наздик мебошад. Аз гӯристонҳои қадими водии Ҳисор ва атрофи шаҳри Норак: Тандирюул, Заркамар ва Қумсой маводҳои зиёд ба даст омадаанд. Аз гӯрҳо маҷмӯи бузурги зарфҳои кулолӣ, ашёҳои биринҷӣ барои назр, шаддаҳои зиёди лоҷувардӣ, гӯшвори биринҷӣ, ки ҳар яке дар охираш сӯрохии хос дошт, ёфт шудаанд.
Дар поёноби Вахш гӯристонҳои қадими Вахш I, Бешаи Палангон, Ойкул, Ҷаркӯл омӯхта шудаанд. Дар водии дарёи Кофарниҳон, дар водии танги Бешкент гӯристонҳои қадими Тулхари аввалия, Аруқтоғи аввалия ва Бешкент I-III ковишҳо анҷом ёфтанд. Ҳамаи бозёфтҳои ёфташуда аз ин гӯрҳо (зарфҳои сафолӣ, ашёҳои биринҷӣ, васоилу аслиҳа ва ашёи ороишӣ) аз равандҳои печидаи қавмию фарҳангӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар ҳудуди водии Зарафшон гӯристонҳои қадими Оқтанга, Дашти Қозӣ, Чорбоғ ва гӯри Зарчаихалифа ковиш шудаанд. Маросими дафнкуниро афрӯхтани оташи ёдбуд ҳамроҳӣ мекард. Осори ёфтшудаи фарҳанги моддӣ: зарфҳои сафолӣ, силоҳ, ашёи зебу зиннат ва ғайра имкон доданд, ки гӯристонҳои қадими мансуб ба аҳолии муқими кишоварз ва чорводор муайян карда шаванд.
Дар замони пасошӯравӣ бостоншиносон ёдгориҳои нави аҳди биринҷро кашф карданд. Дар деҳаи Сариҷари ноҳияи Ховалинг деҳшаҳрҳои охири асри дуюми пеш аз милод таҳқиқ мешавад. Бозёфти қобили таваҷҷуҳ аз ин ҷо кӯраҳои хубҳифзшудаи сафолгарии тарҳи аслидошта мебошанд, ки назирашон дар сарзаминҳои ҳамсоя дида намешаванд.
Дар каронаи маркази ноҳияи Фархор бостоншиносон гӯристони қадими аҳди биринҷро ковиш мекунанд. Таҳқиқи ин гӯристони қадим шикофи қаблан вуҷуддошта дар таърихи халқи тоҷикро мепӯшонад. Қаблан барои ҷануби Тоҷикистон танҳо ёдгориҳои охири асри биринҷ маълум буданд. Дар ҳоли ҳозир таърихи пайдоиши қабилаҳо амиқтар, яъне ба ибтидои асри сеюми пеш аз милод интиқол меёбад.
Дар байни бозёфтҳо зуруфи сафолӣ, гурзи сангӣ, ки метавон бо рамзҳои қудрати шоҳӣ қиёс кард, – миҷмарҳо, шаддаҳо ва ғайра мавҷуданд.
Аҷсоди дафншуда дар гӯристонҳои қадимӣ дар деҳоти Гелот ва Дарнайчи бозмонда аз се мавҷи муҳоҷирати қабоил мебошанд, ки дар қаламрави кунуни Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст. Маводҳои ба дастомада дар раванди ковишҳо аз ин гӯристонҳои қадим нишон медиҳанд, ки дар ин минтақа дар нимаи дуюми асри дуюми пеш аз милод тамоси наздик миёни қабилаҳои кишоварз, чорводор ва даштӣ сурат гирифта аст.
Бозёфти пайкараи хурди мармарии нодир, ки шабеҳашро метавон танҳо аз ёдгориҳои фалоти Эрон пайдо кард, баёнгари тиҷорати роҳи дур ва пайвандҳои фарҳангии мардуми маҳаллӣ мебошад.