АСРИ САНГ
Нишонаҳои аввалини ҳаёти одамони ибтидоӣ дар Тоҷикистон 950-850 ҳазор сол, ки бошишгоҳи Кӯлдара, ки дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг (вилояти Хатлон) ҳафори шудааст далели ин бошад. Дар ҳудуди кишвари мо осори тамоми давраҳои асри санг аз палеолити поён, миёна ва боло сар карда то мезолит ва неолит ба назар мерасад. Аз бозёфтҳои бешумори ба даст омада, маданияти моддӣ, тарзи хаёт ва ҳудудҳои муқимшавии қабилаҳои ибтидоӣ бахубӣ маълум мешавад. Омӯзиши ёдгорихои асри санги Тоҷикистони ҷанубӣ нисбат ба шимоли он хело мушахас таҳқиқ ва тадқиқ шудааст.
Тадкиқотҳои илмие, ки А.П. Окладников, В.А. Ранов, А.Ф. Юсупов, Т.Г. Филимонова, А.Г. Амосова, В.Л. Жуков ва Т.У. Хуҷагелдыев гузаронидаанд ифодагари омӯзиши давраҳои асосии замони қадимтарини таърихи Тоҷикистон мебошад. Қадамҳои нахустин, ин сафарҳои тадқиқотии ҳоло маълуму машҳури давраи неолити Ҳисор натиҷаи ин кофтуков мебошад. Ҳамаи ин корҳо таҳти ҷалб намудани намудҳои гуногуни муайянкунии мутлақ ва нисбии санаи таърихии бошишгоҳҳо, омӯзиши геологӣ ва палео-ҷуғрофӣ бурда мешуданд. Дар натиҷаи корҳои мазкур даврабандии аниқу ҳаматарафаи ёдгориҳои асри санги Точикистон ба даст омад.
Бошишгоҳҳои палеолити поёнро (950-200 ҳазор сол) метавон ба ду қисм тақсим кард: Кӯлдара - саноати тарошаҳои сангии хурд ки бозёфтҳои бошишгоҳи Кӯлдара ташкил мекунад ва маданияти Қаратоғ (бошишгоҳҳои Қаратоғ, Лоҳути – марҳилаи аввал ва бошишгоҳи Оби Мазор марҳилаи баъдӣ).
Палеолити миёна (200-40/35 ҳазор сол). Давраи Мусте, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ёдгориҳои ин давра хеле зиед мебошад. Саноати палеолити миёна аз маданияти пешина бо инкишофи коркарди пешқадам – истеҳсоли лавҳаҳои сангин, маҳсулоти нимтайёри дарозрӯяи сохти дуруст, ки аз нуклеусҳои махсустайёршуда шикаста гирифта мешуд, фарқ мекард. Асбобҳои асосии ин давра тарошасанги тезнӯг ва белчаи сангин мебошанд. Давраи палеолити миёна Тоҷикистон бошишгоҳи Хонако, Қара Бурo ва Оғзи-Кичик мебошанд.
Палеолити болоро (40/35-12 ҳазор сол) дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамаги ду ёдгорӣ-бошишгоҳи бисёрқабатаи Шуғнов ва бошишгоҳи Харкуш дар қаторкӯҳӣ Ҳисор муарифӣ мекунад. Дар ин давра низ ба намудҳои нав шикастани санг ва пайдоиши намудҳои нави олоти сангӣ ба назар марасад. Умуман андозаи олотҳои сангӣ хеле хурд мешаванд.
Аҳди мезолит (12-7 ҳазор сол). Аломатҳои хоси ин давра ин дар маҷмӯаи олотҳо ҷой доштани маснуоти хурд, ки дорои шаклҳои ҳандасӣ – росткунҷаҳо, сегментҳо ва трапесияҳо мебошад. Давраи мезолити Тоҷикистон бошишгоҳи Тутковул 3 ва 2А, Дараӣ Шӯр, Чилучорчашма ва Обикийик мебошанд.
Аҳди неолит (6-3 ҳазор сол). Дар ин давра, ки асри санг ба охир мерасад олотҳое, ки аз қайроқсанг сохта мешуданд, тараққӣ мекунад. Ёдгориҳои аҳди неолитро дар Тоҷикистон маданияти Ҳисор муарррифӣ мекунанд. Асоси иқтисодии ҳаёти ҳисориҳо то ҳол чавоби пурраи худро наёфтааст. Яқин меравад, ки ин давра оҳиста-оҳиста муқимӣ шудани шикорчиҳо ва ҷамъкунандагони меваю гиёҳҳо бошад. Давраи неолити Тоҷикистон бошишгоҳҳои Сай Сайёд, Туткаул, Кангурттут, Теғузак ва Oқтанги мебошанд.