АСРИ ОҲАНИ ҚАДИМ
Дар нимаи аввали ҳазорсолаи I пеш аз милод, Дар Осиёи Марказӣ олотҳои аз оҳан тайёр кардашуда пайдо ва паҳн мегарданд. Баъди азхуд намудани коркарди оҳан, инсоният ба давраи нави таърихӣ - асри оҳани қадим гузашт. Ҷамъият имконияти тарақиёти техникиро ба даст овард, ки ин омили пешравӣ ва ташаккули синфҳо ва сохторҳои давлатдорӣ буд.
Аз ҳаёти сиёсии Осиёии Марказӣ дар давраи то миёнаҳои асри VI то милод, дар маъхазҳои хаттӣ маълумотҳои нимафсонави боқӣ мондаанд. Ин маълумотҳо замоне ба ҳақиқат наздик мешаванд, ки давлатҳои Бохтар, Суғд, Парфия ва Хоразм, ки ба тобеияти давлати Ҳахоманишиён (VI-IV пеш аз милод), ки бори аввал дар таърих барои ҳокими мутлақ будан ба мамлакатҳои шарқу ғарб довталабӣ мекард, даромаданд.
Дар ин давра саноати косибӣ ба дараҷаи аълои худ мерасад. Дар соҳаи кулолӣ ба якхелашавии сохти зарфҳо, қариб дар тамоми Осиёи Марказӣ давраи баъд аз Шӯравӣ ба назар мрасад ва ин сохти силиндри доштани онҳо мебошад. Дар Тоҷикистони ҷанубӣ онҳоро бори аввал аз димнаи Қалъаи Мир-и маркази ноҳияи Қубодиён (вилояти Хатлон) бозёфт наудаанд. Қисме аз ин биноҳо ҳаффорӣ карда шудаанд, ки ин аз хонаи хиштии бисёрҳуҷрадори аз хишти хоми сурхранг сохта шуда иборат мебошад. Дар ноҳияи Панҷ шаҳраки Бойтудашт IV кашф ва омӯхта шудааст.
Якчанд ёдгориҳои асрҳои VI-IV пеш аз милодро дар водии Вахш мавриди омузиш қарор додаанд. Дар яке аз онҳо – Ойдалтеппа қабатҳои мадании қадим ба назар мерасанд.
Дар тарафи шимолии қаторкӯҳи Туркестон, дар вилояти Суғд шаҳраки Нуртеппа дар байни ёдгориҳо ҷои махсусро ишғол менамояд. Қабатҳои мадании асрҳои VI-IV то милод дар тамоми масоҳати ёдгорӣ мушоҳида карда мешаванд. Шаҳри ин давра арк дошт ва бо девори истеҳкомии аз похса ва хишти хом сохташуда иҳота шуда буд. Қабатҳои давраи Ҳахоманиши дар шаҳраки Ширин дарёфт шудаанд. Мухаққақон арки Хуҷанд ва боқимондаҳои девори истеҳкомӣ ки майдони мураббаъи шаҳрро печонида мегирифт, ба асрҳои VI-IV то милод нисбат медиҳанд. Дар ин давра азхудкунии ноҳияи даштӣ ва наздикуҳӣ аз тарафи қабилаҳои кучманчӣ ва чорводор сурат мегирад. Гӯристони Дашти Ашт, ки дар ноҳияи Ашт ҷойгир аст, далели ин гуфта мебошад.
Ба бозёфтҳои тасодуфии охири давраи Ҳахоманишӣ, сарҳои биринҷии гӯсфанд, ки ба андозаии аслӣ баробар буда, аз водии Исфараи вилояти Суғд пайдо шуданд ва сари буз ва гови ваҳшӣ ки аз ноҳияи Симиганҷ (Бохтари шимолӣ) ёфтаанд, тааллуқ дорад.