ЭНЕОЛИТ ВА АҲДӢ БИРИНҶӢ

         Аҳди энеолит, ин давраи гузариш аз аҳди неолит ба аҳди биринҷӣ буда дар он олотҳои аввалини мисӣ пайдо шуда бошанд ҳам, олоти меҳнат, асосан аз санг буд. Ин ахдест , ки дар он соҳаҳои иқтисодӣ-истеҳсолӣ, чун кишовариз, чородорӣ ва истеҳсоли мис ривоҷу равнак мекард. Ин табаддулот, асосан дар навоҳии аҳолиаш муқимӣ-кишоварзӣ, на дар даштҳо, ки бошандагони он кӯчиёни чорводор буданд, мегузашт. Ана ҳамин марҳила дар ёдгории Саразм (15 км ғарб аз шаҳри Панҷикент) бараъло мушоҳида карда мешавад. Масоҳати ин ёдгорӣ  130-гектарро ташкил медиҳад. Ин ёдгорӣ аз тарафи А.И. Исҳоқов (1977-1996), кашф ва омӯхта шудааст. Аз соли 1983 ин ҷониб дар ин ҷо кофтуков ва омэкспедитсияи тоҷику франсавӣ мебарад. Санаҳои таърихии он аз рӯи ҳисоби  ридиокарбонӣ солҳои: Саразм I 3500-3200, Саразм II 3200-2900, Саразм III 2900-2700, Саразм IV 2700-2000-и то милод муайян шудааст.

         Ба давраи аз ҳама қадими ёдгорӣ, гӯрхонаи дорои 5 қабр таалуқ дорад, ки дар дохили девори ҳалқашакл ҷойгир буд. Қабри марказӣ, к ибо номи «Маликаи Саразм» шӯҳрат дорад, хеле ҷолиб мебошад. Дар он зани боломақом ва ба ҳамроҳии ӯ мард ва навҷавон гӯр карда шудаанд. Либосҳои ин зан бо муҳраҳои аз фирӯза, лоҷувард, ақик, яшм ва оҳаксанг сохта шуда. каллапӯшаш бо муҳраҳои нуқра ва бо 49-мӯхраи тиллоӣ оро дода шуда буд. Дар харду дасташ яктогӣ бозубанд мавҷуд буд, ки аз устохонаи гӯшмоҳии бахрӣ сохта шудааст. Ба ҷуз ин, бо ҳамроҳии ин зан ашёҳои гуногун, мисли оинаи миссии дастадор, дарафши устухонӣ, 5-дона ороиши сангини сӯзанак ва дуто ҳайкалчаи гилини зан дафн карда шуда буд. Мумкин аст дар давраи пайдоиши деҳшаҳри Саразм занҳо дар ҳаёти ҷомеа мақоми баланд доштаанд. Аз охири ҳазорсолаи 4-ми то милод сар карда деҳшаҳри Саразм  яке аз марказҳои бузурги истеҳсоли фулузот ҳисоб мешуд. Ба ин боигариҳои кӯҳҳои болооби Зарафшон, ки аз маъданҳои мис, нуқра, қурғошим қалъагӣ ва ғайра бой буд, мусоидат намудааст. Дар вақти ковишҳо аз ин ҷо асбобҳои маъдангудозӣ ва қолабҳо барои реҳтани олоту яроқ дарёфт шудааст.  Оташдони дуқабатаи  сафолпазӣ аз пешравии соҳаи кулолӣ дарак медиҳад. Сохти махсуси ин оташдон, ки куллолони саразмӣ дар аввали ҳазорсолаи 3 пеш аз милод сохтаанд дар ҳудуди Осиёи Марказии ҳамон давра  вонамехӯрад. Ин сохти оташдон дар дигар ҷойҳо фақат баъди ду ҳазор сол пайдо мешавад. Услуби нақшу нигори рӯи сафоли зарфҳои Саразм ба услуби ҷанобу шарқии Туркманистон ва Булуҷистну Сиистон алоқамандӣ дорад. Ашёҳои аз санг буридашуда ва санъати заргарӣ ҷолиби диққатанд. Маҳорати санъати тасвирӣ дар деворнигораҳо муаррифӣ шудаанд. Мавзӯи тасвироти деворнигораҳо низ, чун дар сафол ҳандасии сунатианд: чалипо, сегушаҳо, ва хатҳои муттавозӣ. Дар қатори биноҳои манзилӣ ва хоҷаги бинохои маросимӣ бо оташгоҳҳо деворнигораҳо деворҳои рангандудашуда ва дигар ҷузъиёти маросимӣ дарёфт шудааст. Дар маркази оташгоҳҳо чукуриҳои амиқ барои афрохтани оташи муқаддас мавҷуд буд. Бозёфтҳои бостонии ду  қабати қадим аз алоқаҳои маданӣ ва тиҷоратии Саразм бо ҳудудҳои ҳозираи Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Эрон шаҳодат медиҳанд. Ду давраи оянда солҳои 2900-2700 ва 2700-2000 ба аҳли биринҷи мансуб мебошанд.