Тоҷикон аз қадимитарин мардумоне мебошанд, ки таърихи бойи саршор аз ҳодисаҳои ҷолиб дорад. Дар тӯли ду ҳазор сол таърихи тоҷикон бо ташаккул ва рушди фарҳанги зардуштия, буддоӣ, юнонӣ ва ислом бисёр наздик печ хӯрда аст. Шоҳиди ин бозёфтҳои бостоншиносии зиёде мебошанд, ки дар Осорхонаи бостони Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.

Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст. Асоси намоишгоҳҳои осорхонаро маводхое ташкил медиҳанд, ки тӯли 60 сол ба ҳангоми ҳафриётҳои Институт пайдо гардиданд. Маҷмӯи бозёфтҳои намоишии он, беш аз панҷ ҳазор номгӯй:  намунаҳои нодири сафолӣ, сангӣ, филизӣ, шишагӣ, ҷавоҳироти зиннатӣ, маишӣ, муҷассама ва нақошиҳоро дар бар мегирад. Дар ин ҷо “Хазинаи ашёи нодир” сохта шуда аз тилло ва  маҷмуи сиккаҳои тиллоӣ, нуқрагӣ,  биринҷӣ ва мисӣ  мавҷуданд.

   Қадимтарин нигораи  осорхона  ин бозёфтҳо аз бошишгоҳи  Кулдара мебошанд, ки 950 ҳазор сол то мелодро дар бар мегирад.

Осорхона бо ашёи энеолит ва биринҷии кашф шуда аз деҳшаҳри  Саразм (ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд) ифтихор мекунад, ки он ба рӯйхати «Мероси умумиҷаҳонӣ»-и ЮНЕСКО  шомил   аст. Бозёфтҳои  давраи  элинистӣ, ки аз  маъбади Окси шаҳраки Тахти Сангин (ноҳияи Кубодиёни вилояти Хатлон), дар  соҳили Амударё кашф шудаанд, аз ҷумлаи нодиртарин  бозёфтҳо маҳсуб мешаванд. Дар байни онҳо муҷассамаи  Искандари Мақдунӣ дар тасвири Геракл, ғилофи  акинак,  тахтача бо  тасвири  саҳнаи  шикор ва дигар  бозёфтҳои аз оҷ сохта шуда, намунаҳои шоҳкориҳои ҷаҳонӣ мебошанд. Пайкараки  хурди олиҳаи ҷанг –  Марсия, инчунин пораҳои муҷассама ва боқимондаҳои меъморӣ арзиши хос доранд. Бозёфтҳо аз маъбади Амударё намунаи омезиши  ду  фарҳанг – маҳаллӣ ва Юнони қадим  мебошанд.

   Деворнигораҳои Панҷакенти  Қадим – асрҳои V-VIII мелодӣ, ки ба ганҷинаи тиллоии тамаддуни ҷаҳонӣ шомиланд, дар осорхона ба намоиш гузошта шудаанд. Зинати ин маҷмӯъ  тасвири «Духтари уднавоз», ки чандин маротиба дар осорхонаҳои маъруфи ҷаҳон ба намоиш гузошта шуда буд, мебошад.

  Деворнигораҳо аз Бунҷикат, Аҷинатеппа, калъаи Кофарниҳон ва Ҳулбук низ диққатҷалбкунанда мебошанд. Тамошобинонро кандакории дорои завқи баланди ҳунарӣ дошта, бо саҳнаҳо аз достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз қасри шоҳони Бунҷикати ибтидои асри миёна (ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд)  дар ҳайрат мегузорад.

  Буддоиёни  кишварҳои ҷаҳон ба зиёрати яке аз  нодиртарин намунаи   санъати бостонӣ –   «Буддо дар ҳолати нирвана», ки тақрибан  13 метр андоза дошта,  аз гил  сохта шудаааст, меоянд. Муҷассамаи мазкур аз маъбади Аҷинатеппа, дар  наздикии шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа), ки дар миёнаи асрҳои VII-VIII фаъолият мекард, кашф шудааст.

 Осорхона дар маркази шаҳри Душанбе дар бинои дуошёна воқеъ  аст. Хазинаи осорхона асосан аз ҳисоби экспедитсияҳои  ҳамасолаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ ва ҳафриётҳои муштараки байналмилалӣ, бо иштироки  Русия, Фаронса, Олмон,  Италия ғанӣ мешавад.  

Осорхона аз осорхонаҳои сертамошобини шаҳри Душанбе аст. Дар осорхона  тамошои умумӣ ва мавзӯӣ барои шаҳрвандон, сайёҳҳон, мактаббачагону донишҷӯён гузаронида мешавад. Осорхона дар  намоишгоҳҳои байналмилалӣ ширкат менамояд.

  Ба осорхонаи мо хуш омадед. Дар ин ҷо Шумо мафтуни шоҳкориҳои таъриху фарҳанги ҷаҳонӣ хоҳед гашт ва аз таърихи тоҷикон, ки яке аз қадимтарин  мардуми оламанд,  огоҳ хоҳед шуд.